Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сомонаи сол" ва "Мусоҳибаи сол" насиби РО шуд


Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз» сомонаи радиои "Озодӣ"-ро «Сомонаи сол» ва силсилаи мусоҳибаҳои хабарнигори радио Абдуқаюми Қаюмзодро «Мусоҳибаи сол» дар соли 2011 эълон кард. Дипломи анҷуман имрӯз дар нишасти вижае бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Душанбе супурда шуд. Дар ин нишаст журналистон ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи матбуот вазъи озоди баёнро дар кишвар баррасӣ карданд. Ин нишаст бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва кӯмаки молиявии Институти Ҷомеаи Боз ва САҲА барпо шуд.
XS
SM
MD
LG