Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мақоми "Муҳаммадия"-ро тағйир дод


Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат фаъолияти масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия» - и ноҳияи Ваҳдатро манъ кард.

Ҷамшед Ёров, вакили дифои муассисони «Муҳаммадия» гуфт, додгоҳ дар ин масҷид адои намозҳои панҷгонаро иҷозат дод ва гузоштани намози ҷумъаро манъ кард.

Қаблан Кумитаи дини Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда буд, ки масҷиди “Муҳаммадия” ба қонунҳои Тоҷикистон итоат намекунад, аз ин хотир, фаъолияти онро ҳамчун масҷиди «ҷомеъ» комилан қатъ карда шавад.

Кумитаи дини Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта ба далели баргузории маросими «Ошӯро», адои намози ҷумъа дар масҷиди "Муҳаммадия"-ро барои се моҳ мутаваққиф карда буд. Ин ниҳод ба роҳбарони масҷиди «Муҳаммадия» - бародарон Маҳмудҷон ва Нуриддинҷон Тӯраҷонзодаҳо ҳушдор дода буд, ки тайи се моҳи оянда фаъолияти худро ба танзим дароранд ва камбудиҳоро бартараф кунанд, аз ҷумла яке аз талабҳо аз имоматӣ даст кашидани ин бародарон дар ин муддат буд.

Кумитаи дин дар шикояташ ба додгоҳ гуфтааст, ки дар зарфи ин се моҳ масъулини «Муҳаммадия» камбудиҳоро ислоҳ накарда, баръакс дар намозҳо имоматӣ кардаанд.

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, аз муассисони масҷдиди «Муҳаммадия» ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ тамоми далелҳои беасос будани даъвои Кумитаи динро ба назар нагирифт ва ғайриқонунӣ масҷиди ҷомеъро баст. Вай афзуд, дар таърихи ислом бори аввал аст, ки як давлат аз тариқи додгоҳ масҷиди ҷомеъро манъ ва мақоми онро кам мекунад.
XS
SM
MD
LG