Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди афсарони Тоҷикистон таъсис ёфт


Генерал Нуралишоҳ Назаров
Генерал Нуралишоҳ Назаров
Гурӯҳе аз афсарони мустаъфии тоҷик ба хотири расидагӣ ба мушкилоти афсарони собиқ ва аҳли хонаводаи онҳо Иттиҳоди афсарони Тоҷикистонро таъсис додаанд. Дар нахустин иҷлоси ин гурӯҳ дар Душанбе Шавкат Юлчиев – раиси собиқи идораи умури дохилаи вилояти Суғд – раиси Иттиҳоди афсарон ва муовини собиқи фармондеҳи нирӯҳои марзбонӣ Нуралишоҳ Назаров муовини ӯ интихоб шудаанд. Генерал Назаров ба РО гуфт, ҳадафи асосӣ кӯмак ба афсаронест, ки дар гузашта ба давлати Тоҷикистон хидмат карданд, вале ҳоло “фаромӯш” шудаанд. С Дар иҷлоси нахустини Иттиҳоди афсарон афроде, чун вазири пешини амният Саидамир Зуҳуров, муовинони собиқи вазирони амнияту умури дохилӣ Эркин Муҳиддинов ва Пирӣ Ҳусайнов ва собиқ додситони низомӣ Амир Саидов ширкат доштаанд.
XS
SM
MD
LG