Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси озодии матбуот дар пойтахти Тоҷикистон


Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон як анҷумани вижа дар мавзӯъи вазъи озодии баён дар ин кишвар доир мешавад. Ин ҳамоиш дар Рӯзи байналмилалии озодии баён бо ибтикори Шӯрои ВАО ва бо кумаки молии САҲА ташкил шудааст. Баҳси вазъи озодии матбуот дар Душанбе дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар гузориши имсолаи Freedom House 2 зина поён рафта, дар байни 197 кишвар аз нигоҳи озодии баён дар мақоми 171-ум, дар радифи кишварҳои ноозод ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG