Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлоси ҳамкориҳои Тоҷикистону ИА дар Душанбе


Имрӯз дар Душанбе иҷлоси дуюми кумитаи ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистону ИА оғоз ба кор мекунад. Парлумони Аврупоро дар ин нишасти серӯза 9 вакил ба раҳбарии Паоло Бартолоззӣ аз Итолиё намояндагӣ мекунанд. Иҷлоси аввали кумитаи ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон соли гузашта дар Брюссел доир шуда буд. Паймони мушорикат ва ҳамкории ИА ва Душанбе аз 1 январи соли 2010 ба ҳукми иҷро даромад.
ИА аз кумакрасонҳои умдаи Тоҷикистон маҳсуб шуда, аз соли 1992 ба ин сӯ ба ин кишвари Осиёи Марказӣ ба маблағи қариб ним миллиард евро кумакҳои молӣ расондааст.
XS
SM
MD
LG