Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон такроран аз дигарандеши чинӣ ҳимоят кард


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ваъда дод, ки ИМА дар баробари сарнавишти дигарандеши чиноӣ Чен Гуанчен баъди созиши ҳосилшуда бо ҳукумати Чин ба ӯҳдадориҳояш пойбанд хоҳад монд. Клинтон, ки бо як сафар дар Пекин аст, гуфт, ки Амрико бо мақомоти чиноӣ ба тавофуқе дар заминаи тарзи бархӯрд бо ин сиёсатмадори 40-сола даст ёфтанд, ки гуфтааст, дар замони дар ҳабси хонагӣ буданаш лату кӯб шудааст. “Ҳукумати ИМА ва мардуми ин кишвар ба ӯҳдадориашон пойбанд мемонанд, ки дар рӯзҳову ҳафтаҳо ва солҳои наздик дар тамос бо Чен ва аҳли хонаводааш хоҳанд буд”, гуфт хонум Клинтон. Чен, ки мунаққиди сиёсати яккатифлии ҳукумат аст, рӯзи чоршанбе сохтмони сафорати Амрикоро тарк карда замонат гирифтааст, ки ӯву аҳли хонаводааш ба як маҳалли амне дар қаламрави Чин интиқол меёбанд.
XS
SM
MD
LG