Генерали нирӯҳои таъминоти нақлиётии Амрико аз дидбонгоҳи сарҳадии Панҷи Поён дидан кард. Сафорати Амрико хабар медиҳад, ки Вилям Фрейзер бо Сардори Раёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шерали Мирзо мулоқот карда аз дидбонгоҳи сарҳадии "Панҷи поён", ки аз ҷониби ҳукумати ИМА маблағгузорӣ шудааст, дидан кард. Вилям Фрейзер масъулияти қонеъгардонии тамоми талаботи нақлиётии вазорати дифои ИМА-ро ба дӯш дорад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи боздид аз давлатҳои Аврупову Осиёи Марказӣ ҷараён мегирад.
Мулоқоти генералҳои амрикоиву тоҷикистонӣ дар Панҷи Поён
