Президенти Амрико Барак Обама гуфт, ки “фурсати ҷанг” охир мешавад ва мағлубияти Ал-Қоида “наздик аст”. Обама, ки дар фурудгоҳи низомии Баграми Афғонистон чанд соат баъди имзои созишномаи ҳамкориҳои стратегӣ бо президент Ҳомиди Карзай суханронӣ мекард, нақшаҳои ИМА дар ин кишварро баъди беруншавии комили нирӯҳо аз хоки Афғонистон дар соли 2014 шарҳ дод. Дар суханронии худ, ки ба таври ҳамзамон дар телевизиони ИМА намоиш дода шуд, Обама гуфт, ки баъди хатми ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон “рӯзи наве фаро хоҳад расид”. Вай бори дигар Толибонро ба хатми хушунатҳову ва пуштибонӣ аз музокироти сулҳ даъват кард.