Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъияти Обама дар таҳримҳои зидди Эрону Сурия


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама алайҳи афрод ва ширкатҳои хориҷие, ки таҳримоти Амрико алайҳи Эрону Сурияро поймол мекунанд, чораҳои қотеъ меандешад. Обама ба фармоне имзо кард, ки ба вазорати дороии Амрико ҳаққ медиҳад, то исми ҳар нафар ё ширкати дахил дар “фаъолиятҳои машкук”-ро нашр ва аз имкони баҳрабардорӣ аз низоми молии Амрико маҳрум кунад.
Таҳримоти шадид давлатҳои Эрону Сурияро маҷбур ба ҷустани роҳҳои ғайрибонкӣ барои таҳвил ва дарёфти маболиғ кардааст. Вале Девид Коэн, муовини вазир дар умури терроризм ва истихбороти молии Амрико гуфт, "ҳар касе ки талош дорад, таҳримоти моро убур кунад, инро аз ҳисоби мардуми Сурияву Эрон мекунад, ва онҳо ба масъулият кашонда хоҳанд шуд."
XS
SM
MD
LG