Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши кудатои ҷавобӣ дар пойтахти Малӣ


Сарбозони содиқ ба раисиҷумҳури пешини Малӣ Амадоу Туре зоҳиран ба кудатои ҷавобӣ алайҳи хунтаи низомӣ талош кардаанд. Низомиҳо дар моҳи март давлати мунтахаби Туреро сарнагун карданд. Шоҳидон мегӯянд, рӯзи душанбе дар фурудгоҳ, радиои давлатӣ ва як пойгоҳи низомӣ дар Бамако- пойтахти ин кишвари африқоӣ даргириҳо мушоҳида мешуд. Бархе раҳбарони хунта мегӯянд, кудато ноком шуд, вале ба гуфтаи бархеи дигар, ягон кудато набуд.
XS
SM
MD
LG