Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз як пешрафти Тоҷикистон


Дафтари намояндаи тиҷоратии Амрико дар гузориши солонааш дар канори 27 кишвари дигар аз пешрафти Тоҷикистон дар амри ҳифзи ҳаққи муаллиф ситоиш карда, вале Душанберо ҳамчунон дар рӯйхати таҳти назораташ нигоҳ доштааст. Гузориш мегӯяд, Тоҷикистон иҷрои паймони намоишҳову фонограмаҳоро такмил карда, иқдомоте ба сӯи иҷрои Паймони Берн роҷеъ ба ҳимоияти осори адабиву наққошӣ ва таъқиби қонунии нақзи ҳаққи муаллиф рӯи даст гирифт. Вале, меафзояд, ин гузориш, Душанбе бояд ба тааҳҳудоташ дар чорчӯби паймони соли 1993 бо Амрико имзокардаи худ амал кунад. Гузориши Амрико Русияву Чин ва ҳамин тавр, Аргентинаву Канада ва Ҳиндро поймолкунандагони асосии ҳаққи муаллиф ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG