Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои муҳими 1 май


Имрӯз, 1 май, Озарбойҷон барои як моҳ ба курсии раиси муваққати Шӯрои Амнияти СММ хоҳад нишаст. Имрӯз созмони Freedom House гузориши солонааш дар бораи вазъи озодии матбуотро нашр хоҳад кард. Имрӯз дар Женева нишасти дурӯзаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат оғоз хоҳад ёфт. Имрӯз, 1 май дар тақвимҳои байналмилалӣ Рӯзи Кор ва ҳам Рӯзи мубориза бо бемории астма, ё диққинафас аст. 1 майи соли 1951 Радиои Аврупои Озод /Радиои Озодӣ ба пахши нахустин барномааш аз Мюнхени Олмон оғоз кард. Ва 1 майи соли 2004 якбора 10 кишвар – Эстония, Латвия, Литва, Чехия, Словакия, Словения, Лаҳистон, Маҷористон ва Қибрису Малта ба ИА пайвастанд.
XS
SM
MD
LG