Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон рафт


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми як сафари корӣ ба Теҳрон рафт. Абдусамеъ Додобоев, сарвари Раёсати байнулмилалӣ ва иттилооти додситонӣ дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин сафари корист ва аз натиҷаҳои он пас аз бозгашти додситони кулл иттилоъ хоҳанд дод.Тибқи бархе манобеъи дигар, ҳадафи сафари додситони кулли Тоҷикистон ба Эрон ҳамоно ниҳоӣ кардани заминаҳои қонунӣ барои созишномаи миёни ду кишвар дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон аст. Тавофуқи қаблӣ ҳанӯз моҳи январи соли 2010 миёни раисони ҷумҳури Тоҷикистону Эрон ба даст омада буд. Масъули истирдоди ҷинояткорон дар Тоҷикистон додситонии кулл аст, ки ҳамасола даҳҳо нафарро ба кишвар, умдатан аз Русия истирдод мекунад. Дар ҳоли ба тасвиб расидани созишнома, Эрон аз аввалин кишварҳои хориҷ аз ИДМ хоҳад буд, ки бо Тоҷикистон дар заминаи истирдоди ҷинояткорон ҳамкорӣ хоҳад кард. Дар бораи теъдоди афроде, ки ҷонибҳо аз ҳамдигар мехоҳанд, иттилоъе ироа намешавад.
XS
SM
MD
LG