Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Бонки марказии Сурия ва 20 кушта дар Идлиб


Саҳнае аз таркиш дар Идлиб
Саҳнае аз таркиш дар Идлиб
SANA -хабаргузории давлатии Сурия мегӯяд, мухолифон аз рокетандоз ба сӯи Бонки марказӣ ва як посгоҳи пулис дар Димишқ-пойтахти ин кишвар оташ кушодаанд ва дар шаҳри Идлиб ду бамро мунфаҷир сохтаанд. Маркази Нозирони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Британия ҷойгир аст, гуфтааст, ки дар Идлиб дастикам 20 нафар кушта шудаанд. SANA навиштааст, 4 корманди пулис захм бардоштаанд ва бинои Бонки марказӣ сатҳӣ осеб дидааст. Ин хабаргузорӣ барои чунин кор “терористҳо”-ро муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG