Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манзили Ҷӯрабек Охунов ба коми оташ рафт


Манзили истиқоматии Ҷӯрабек Охунов, сарвари пешини ширкати «Мовароуннаҳр» ба коми оташ рафтааст.

Ба қавли наздикони ӯ, сӯхтор шаби 29-уми апрел рух дода, манзили истиқомати ӯ воқеъ дар кӯчаи Шестопалов 15 - ноҳияи Фирдавсии пойтахт батамом сӯхтааст.

Ба гуфтаи наздикони оқои Охунов, сӯхтор талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале аксари ашёи манзил сӯхта ва танҳо миқдори каме аз ҷиҳози хона берун оварда шудааст.
Қаблан низ дар манзили сарвари ширкати «Мовароуннаҳр» сӯхтор ба амал омада ва қисмате аз он осеб дида буд.

Сӯхтори батамоми хонаи Ҷӯрабек Охунов дар ҳолест, ки ҳамакнун дар Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи ӯ идома дорад.

Раиси пешини ширкати "Мовароуннаҳр" беш аз як моҳ ба ин сӯ барои муолиҷа ба дармонгоҳи равонӣ қарор дошт, аммо 26-уми апрел Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом дошт, ки сиҳатии ӯ хуб аст ва бояд ба додгоҳ ҳозир шавад.

Аммо вакили дифоъ аз қавли хешовандони Охунов, ки ба дидори ӯ ба маркази бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ленин рафта буданд, гуфтанд, ки Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз шадидан мариз аст.

Мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов, ки дар моҳи августи соли 2011 дар Додгоҳи олии Тоҷикистон оғоз ёфта буд, ҳанӯз ба поёни худ нарасидааст. Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" бо айбномаи қаллобӣ ва сирқати маблағҳо дар ҳоле идома дорад, ки беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми Додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд. Зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад, дар Тоҷикистон нест.

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳмдорон будааст. Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG