Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани боз 238 гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон


Дар семоҳаи аввали сол дар Тоҷикистон боз 238 нафари гирифтор ба ВИЧ- ангезандаи бемории СПИД ошкор шудааст. Дар Маркази мубориза бо СПИД ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ин теъдодро дар натиҷаи ташхиси 117 600 нафар ошкор кардаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 989 бемори ВИЧ сабт шуда, ҷамъи гирифторон ба ин вирус ба 4084 нафар расидааст, ки 940 тани онҳо занон мебошанд. 52 дарсад аз ин шумор тавассути истеъмоли маводи мухаддир ва 30 дарсад аз роҳи алоқаи ҷинсӣ ба ин вируси қаттол гирифтор шудаанд.
XS
SM
MD
LG