Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи шаҳри Кано ҳадафи ҳамла қарор гирифт


Афроди мусаллаҳи ношинос ба донишгоҳи шаҳри Кано, воқеъ дар шимоли Нигерия, ҳамла карданд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, чанд нафари бар асари тирборону таркиш дар донишгоҳ ҷароҳатбардошта ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳадс зада мешавад, ки ҳамлаи террористӣ алайҳи донишҷӯёни масеҳӣ равона шуда буд.

Масъулияти ҳамларо касе бар дӯш нагирифтааст ва аммо хабаргузориҳо ба ҳузури гурӯҳи исломии «Боко Ҳаром» дар ин шаҳр ишора мекунанд. Моҳи январи соли равон бар асари як ҳамлаи террористии ин гурӯҳ дар Кано 150 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG