Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси Малайзия эътирозгаронро пароканда кард


Полиси Малайзия ба хотири парокандасозии эътирозгарон дар маркази пойтахт – шаҳри Куала-Лумпур аз тупҳои обӣ ва гази ашковар истфифода бурд.

Имрӯз тақрибан 25 ҳазор нафар бо раҳпаймоӣ аз хиёбонҳои шаҳр хостори ислоҳоти сохтори интихоботӣ шуданд. Ба гуфтаи онҳо, низоми интихоботии феълӣ фақат ба нафъи ҷонибдорони нахуствазир Наҷиб Раззоқ мебошад.

Ин эътирозҳо – бузургтарин дар Малайзия дар даҳсолаи ахир маҳсуб мешаванд. Дар арафаи раҳпаймоӣ кормандони полис атрофи Майдони Истиқлолро симхор печониданд – як сол пеш дар ин майдон миёни полис ва эътирозгароне, ки низ хостори ислоҳот буданд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваста буд.

Моҳи равон парлумони Малайзия чанд тағйиру илова ба қонуни интихоботро пазируфт ва аммо ин тағйирот, аз нигоҳи мухолифини ҳукумат, гумон аст, ки ба баргузории интихоботи озоду одилона дар кишвар мусоидат кунанд.
XS
SM
MD
LG