Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талабот аз кормандони амниятии ИМА шадидтар мешавад


Барак Обама таҳқиқи айшу ишрат дар Картахенаро талаб карда буд
Барак Обама таҳқиқи айшу ишрат дар Картахенаро талаб карда буд
Хадамоти махфии ИМА, ки масъули ҳифзи раисиҷумҳур аст, талабот аз кормандонашро шадидтар мекунад. Моҳи равон дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари Барак Обама ба Колумбия барои ширкат дар нишасти сарони Созмони кишварҳои амрикоӣ дасти кам 12 корманди хадамоти кашф ва даҳ низомӣ дар меҳмонсарои шаҳри Картахена бо фоҳишаҳо айшу ишрат карданд. Дар робита ба ин моҷаро се корманди хадамоти амниятӣ мақомҳои худро тарк намуданд.

Аз ин баъд, бар пояи дастури нав, кормандони амниятӣ ҳангоми ифои вазифа дар хориҷи кишвар ҳаққи истеъмоли машрубот, рафтан ба “муассисаҳои шубҳаовар” ва ба утоқи худ овардани хориҷиёнро надоранд.

Айни ҳол Хадамоти амният иттилоъ дар бораи айшу нӯш ва ишрати кормандонаш дар як стриптиз-клуби шаҳри Салвадоре дар соли гузаштаро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG