Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айб дар донишгоҳҳост, ё донишҷӯён?


Фақат як гурӯҳи кӯчаки сокинон ба ин фикранд, ки хоҳишу кӯшиш зарур аст, то ҷавонон соҳиби маълумоту тахассус шаванд.

Гурӯҳи бузурги ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, гирифтани маълумоти хуб ё 'босифат' дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар солҳои охир имконнопазир шудааст. Зеро ба қавли онҳо, дар донишгоҳҳои кишвар барои гузоштани баҳо "ҳақ" металабанд ва ин амал донишҷӯёнро танбалу дилсард кардааст.

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо ҳам гуфт, "дар ҳама ҷо пул мегӯянд, дигар ҳеҷ. Фақат пул. Ҳатто дар мактабҳои миёна мегӯянд, 10 сомонӣ биёр, баҳоят -- панҷ.”

Бархе аз назардиҳандагон чормағзро дар сари худи донишҷӯён шикастанд, ки "ҳавсалаву талоши хондан" надоранд. Илова бар ин, ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатони мо, набудани адабиёти лозим ва муосир ба забони тоҷикӣ донишомӯзонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст ва онҳо барои "раҳоӣ" аз ин мушкил "дил"-и устодонро меёбанд.

Чанде аз ҳамсӯҳбатони мо аз Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ёдоварӣ намуданд, ки ба бовари онҳо дар ин ду донишгоҳ ҷавонон метавонанд, соҳиби саводу дониши хуб гарданд. Як гурӯҳи дигар дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, донишгоҳ он ҷое нест, ки саводу дониш ва матни китобҳоро дар мағзи донишҷӯён ҷо кунад. Балки ба қавли як ҳамсӯҳбати мо, донишгоҳ танҳо ба ҷавонон роҳ нишон медиҳад ва омӯхтану аз худ кардан ва пешрафт намудан -- ҳама ба худи ҷавонон бастагӣ дорад.

Дар охир ҳатто як ҷавон дар посух ба ин суоли мо, ки "оё дар донишгоҳҳои Тоҷикистон маълумоти хуб гирифтан имкон дорад?" бо чунин шева посух гуфт: “ман як бесаводам, ман аз куҷо медонам, ки маълумоти хуб гирифта мешавад ё намешавад...”

Хонандаи азиз, Шумо ҳам назару пешниҳодҳои худро бинависед, ки оё дар донишгоҳҳои кишвар маълумоти хуб гирифтан мумкин аст ё на? Аксари донишомӯзони моро ба танбаливу камсаводӣ айбдор мекунанд ва дар ин маврид айб дар донишгоҳҳои мост, устодони мо ва ё худи донишҷӯён?

Айб дар донишгоҳ ё донишҷӯ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG