Рӯзи ҷумъа ҳазорон тан аз фаъолони мухолифин дар Киев, пойтахти Украина бо талаби раҳоии сарвазири собиқ Юлия Тимошенко ва истеъфои раиси ин ҷумҳурӣ Виктор Янукович раҳпаймоӣ карданд. Эътирозгарон аз маркази шаҳр гузашта, дар майдони Истиқлол гирди ҳам омаданд. Талаби дигари онҳо таҳқиқи шаффофи қазияи латукӯби Тимошенко ба ҳангоми таҳвили ӯ аз зиндон ба бемористон дар ҳафтаи гузашта буд. Тимошенко дар моҳи октябр бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯ мегӯяд, ки қурбони таъқиботи сиёсӣ шудааст.