Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ташхис"-и кори имом-хатибони масоҷиди Тоҷикистон


Tajikistan -- Mavlon Mukhtorov, the deputy head of Tajik religion committee, Dushanbe 19Aug2011
Tajikistan -- Mavlon Mukhtorov, the deputy head of Tajik religion committee, Dushanbe 19Aug2011
Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ба ташхиси фаъолияти имом-хатибон шурӯъ кардааст. Мавлон Мухторов, муовини раиси ин Кумита гуфтааст, ин «ташхис» ба маънои имтиҳони навбатии имомони масоҷид нест, вале масъулини ин ниҳод ҳаққ доранд, бо суолуҷавоб сатҳи дониши имомҳоро пиромуни масоили динӣ, таърихи Ислом, қонунҳои кишвар ва арзишҳои дунявӣ имтиҳон кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар «ташхис»-и қаблӣ ба 300 нафар аз ҳудуди 3000 имом-хатиб барои такмили дониш ва рафъи камбудиҳо мӯҳлати санҷишӣ муқаррар шуда буд. Дар Тоҷикистон умури масоҷид ба Кумитаи дин, ки ниҳоди давлатист, вогузор шудааст ва мунтақидон инро талоши давлат барои назорати бештари дин унвон мекунанд.
XS
SM
MD
LG