Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбукиён: Аз пули муҳоҷирон метавон биҳишт сохт


Баҳси истифодаи пули муҳоҷирон дар тадқиқоти Сандуқи Байнулмилалии Пул ва гуфтугузоре дар шабакаи Фейсбук.

Ба ақидаи иқтисодшиносон, пули муҳоҷирони меҳнатӣ таъинкунандаи вазъи иқтисодии 16 кишвари ҷаҳон будааст. Ин маблағҳо чархи тиҷоратро мегардонанд ва даромади давлатҳоро аз андоз фароҳам меоранд. Вале дар аксари кишварҳои содиркунандаи нерӯи кор, пуле, ки ворид мешавад, сармоягузорӣ ба иқтисод набуда, асосан барои рӯзгузаронии мардум ба воситаи хариди маҳсулоти оварда ва худӣ сарф мегардад.

Ин равандҳоро гурӯҳи иқтисодшиносон дар тадқиқоте барои Сандуқи Байнулмилалии Пул (СБП) таҳлил кардаанд. Онҳо таъсири сармояи муҳоҷирати кориро ба вазъи кишварҳои Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ , аз ҷумла Тоҷикистон, баррасӣ кардаанд. Пажӯҳиши онҳо нишон медиҳад, ки истифодаи пули муҳоҷирон дар бархе аз кишварҳо ба рушди иқтисодӣ сабаб гашта, дар бархи дигар, ба шумули Тоҷикистон, фақат ҳолати муайяни иҷтимоӣ ва иқтисодиро нигоҳ доштаву ба такони иқтисодӣ роҳ намекушояд.

Дар ҳоле ки ин сармоя дар солҳои 2007-2011 қариб 40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро ташкил додааст, дар ҳамин муддат ин шохис дар Узбакистон 6 ва дар Туркманистон, барои намуна, 1 дарсад будааст. Афзоиш ё коҳиши он ҳамзамон афзоиш ва коҳиши даромади ин кишварҳоро аз андоз ба вуҷуд оварда, боло рафтани маблағҳои интиқолии муҳоҷирон ба боло рафтани даромади миллӣ ва коҳиши он ба коҳиши даромади миллӣ сабаб гаштааст. Ин ҳолатро беш аз ҳама пасрафти иқтисодии соли 2009 ба таври рӯшан бозтоб додааст.

Аз пажӯҳиши олимон метавон ин хулосаро баровард, ки дар аксари кишварҳои содиркунандаи нерӯи кор пули муҳоҷирон ба навъе аз "маводи мухаддир"-и иқтисодиёти ин кишварҳо табдил ёфта, онҳоро ба худ мӯътод ё гирифтор кардааст. Ва таври маълум, кишваре, ки агар натавонад, худро аз чунин "ҳероин" раҳо кунад, гумон аст, иқтисоди хуррам ва мустақиле дошта тавонад. Беҳуда набуд, ки Кремл дар рӯзҳои "бӯҳрони халабонҳо" фишори асосиро рӯйи муҳоҷирони тоҷик ниҳод, яъне ба "ҷои дард"-и Тоҷикистон пой гузошт.

Зимнан, дар аксари кишварҳои мавриди баррасии иқтисодишносони СБП ва аз ҷумла Тоҷикистон, солҳост, баҳси шеваҳои истифода аз пули мефиристодаи муҳоҷирон идома дорад, вале ҳукуматҳо то ҳанӯз натавонистаанд, вазъи мавҷударо тағйир диҳанд. Вақте ки як матлаби Радиои Озодиро дар бораи эҳтимоли афзоиши 13-дарсадии интиқоли пули муҳоҷирон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ бо корбарони шабакаи Фейсбук дар миён гузоштем, аксари мубоҳисон эътироф карданд, ки 3 миллиард доллар пули солона мефиристодаи муҳоҷирони тоҷик асосан ба хариди ғизо ва либос сарф шуда, манбаъҳои наву доимии даромадро дар кишвар ба вуҷуд намеорад.

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Раҳбари созмони “Индем” дар Душанбе, Саймиддин Дӯстов навишт, "аслан бо иловаи маблағҳое, ки аз омори расмӣ берун мемонанд, пули муҳоҷирон мумкин аст 3 миллиарду 970 миллион долларро ташкил диҳад. Аммо зиёда аз 2 миллиард доллари он ба иллати набуди идораи самараноки давлатии муҳоҷирати корӣ ба ҳаво меравад." Иттифоқан, дар гузориш рақами 3 миллиард доллар дастмузди 1 миллион нафар муҳоҷир унвон мешуд, вале бино бар омори ғайрирасмӣ, шумораи муҳоҷирони тоҷик то 2 миллион нафар низ ҳадс зада мешавад.

Соҳибкори тоҷик Рустам Ёсинов менависад: “Дар маҷмӯъ, пули фиристодаи муҳоҷирон асоси қобилияти харидории бештари мардум аст. Акнун бозорҳоро бубинед, ки беш аз 80 дарсади махсулот воридотист ва пули муҳоҷирон барои пардохти маҳсулоти воридотӣ сарф мешавад. Суол ин ҷост, ки чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон намекӯшад теъдод ва номгӯи маҳсулоти ватаниро зиёд кунад? Сабабҳо зиёданд, аммо ба назарам, сабаби асосӣ ин аст ки фоида аз воридоти маҳсулоти хориҷӣ нисбат ба роҳандозӣ кардани тавлиди маҳсулоти ватанӣ зиёдтар ва ба даст овардани он осонтар аст.”

Сулаймонхон Султонов
Сулаймонхон Султонов
Аксари ширкаткунандагони ин гуфтугӯи фейсбукӣ ба он низ ишора карданд, ки бархе аз муҳоҷирон воқеан сармояе доранд, ки дар ватан корхона ё ширкатеро гардон кунанд ва дар фаъолияти он аз пули муҳоҷирони дигар истифода шавад, аммо шеваи андозгирие, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, онҳоро ҳавасманд намегардонад. Сулаймонхон Султонов менависад: “Ман дӯстони зиёди соҳибкор дорам. Имрӯз онон афзалиятро дар он медонанд, ки корхонаву дӯконҳои худро дар беруни кишвар таъсис дода, ҳамватанони худро бо кор дар он ҷой таъмин кунад. Ин барои онон сабуктар меафтад.”

Ҳамсӯҳбатони дигар мегӯянд, давлат барои ҷалби сармояи муҳоҷирон бояд имтиёзҳоеро қоил бошад, ки онҳоро ҳавасанд намояд. Ҷаноби Султонов фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро “эффекти парвона” меномад. Яъне соҳибкор то дараҷаи муайян метавонад рушд кунад ва вақте ки аз ҳад зиёд комёб мегардад, мисли ба шамъ наздик омадани парвона “месӯзад” ва ба як бор аз тамоми дороиҳои худ маҳрум мегардад.

Ба ақидаи ҷаноби Ёсинов Кодекси нави андоз, ки ҳоло дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад, ба эҳтимоли зиёд “вазни андоз”-ро дар гардани соҳибкорон бештар хоҳад кард. Вай меафзояд, “ин дар ҳолест, ки мардум асосан маводу маҳсулоти воридотӣ мехаранд, саноат ва кишоварзӣ дар кишвар бозистодаанд. Сиёсати иқтисодӣ ва пулию молиявии давлат ба рушди соҳибкорӣ равона нашуда, барои бизнес шароити шаффоф ва одилона ба вуҷуд намеорад. Агар давлат бароии сармоягузорӣ ба саноат ва бахшҳои дигари иқтисод шароити хуб фароҳам орад, корхонаҳо ва ҷойҳои корӣ пайдо шуда, некӯҳолии мардум боло меравад ва муҳоҷират коҳиш меёбад. Чаро? Зеро аҳолӣ пул дорад ва дар ҳол мавҷудияти молҳои аз ҷиҳати сифат ва нарх рақобатпазири сохти маҳаллӣ онҳоро мехарад ва аз ин тариқ корхонаҳои ташкилкардаи соҳибкорони тоҷикро бо кор таъмин мекунад. Тадриҷан афзоиши маҳсулоти холиси миллӣ ҷои даромад аз муҳоҷиратро мегирад.”

Аксари ширкаткунандагони баҳс изҳори таассуф карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ислоҳоти иқтисодии худ якрӯ ва собитқадам нест, аҳамияти рушди саноат ва кишоварзиро дарк намекунад ва умедвор аст, ки то абад бо пули мефиристодаи муҳоҷирон фаъолият хоҳад кард. Ин натиҷагирӣ ба хулосаи пажӯҳиши коршиносони СБП шабоҳат дорад. Вале чунин назар ҳам ҷой дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон тадриҷан ба дарки мавзӯъ хоҳад расид ва барномаи воқеиеро танзим хоҳад кард. Ва ҳам як ақидаи дигар низ ногуфта намонад, ки бархе аз муҳоҷирон мегӯянд, пули онҳо моли онҳосту касе ҳақ надорад, ба он дастдарозӣ кунад. Ҳамзамон меафзоянд, аксари онҳо ҳатто аз 30 дарсади даромади худ низ истифода карда наметавонад.
XS
SM
MD
LG