Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович ба таҳқиқи қазияи латукӯби Тимошенко дастур дод


Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович, дастур дод, овозаи латукӯби сарвазири пешин Юлия Тимошенко дар маҳбас пажӯҳиш шавад. Вай гуфт, аз Додситонии кулли Украина хостааст, ин қазия тафтиш шавад. Рӯзи ҳафтум аст, ки Тимошенко дар маҳбас ба нишони эътироз аз бадрафтории нозирон гуруснашинӣ эълон кардааст. Намояндагони аршади Иттииҳоди Аврупо гуфтаанд, аз ин хабарҳо шадидан нигаронанд. Раисиҷумҳури Олмон, Йоахим Гаук сафарашро ба Украина, ки барои моҳи оянда тарҳрезӣ шуда буд, лағв намуд. Тимошенко моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми суистифода аз мансаби давлатӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, аммо худро қурбонии таъқибҳои ҳукумати рақиби интихоботияш, президент Виктор Янукович мешуморад.
XS
SM
MD
LG