Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарси сафорати ИМА дар Исломобод аз соли Усома бин Лодин


Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Исломобод мегӯяд, кормандони худро аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ дар пойтахти Покистон боздошт, зеро аз эҳтимоли ҳамла ба амрикоиҳо дар солгарди қатли Усома бин Лодин ҳарос дорад. Бунёдгузори ал-Қоида рӯзи 2-юми май аз тарафи нерӯҳои вижаи Иёлоти Муттаҳида дар як амалиёти махфӣ дар Абатободи Покистон кушта шуд. Як мақоми амрикоӣ, ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, за тарҳи ҳамлаҳо иттилои махсус дарёфт шудааст. Вале ноиби вазири умури дохилии Покистон, Имтиёз Сафдар гфт, аз ҳеҷ таҳдиде иттилоъ нарасидааст.
XS
SM
MD
LG