Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Чарли Чаплин”-и Миср аз маҳбас озод шуд


Додгоҳи маъмурии Қоҳира ҳукми ҳабси ҳунарпешаи мазҳакавӣ Одил Имомро, ки дар таҳқири Ислом айбдор мешавад, бекор кард ва ба далелҳои вакили исломгароро, ки ин иттиҳомро пеш гузоштааст, нокофӣ хонд. Ҳаҷвнигори мисрӣ, ки “Чарли Чаплин”-и араб лақаб дошта, сафири сулҳи Созмони Милал низ аст, дар чанд кори худ, аз ҷумла филми “Ал-Ирҳабӣ” нақши бунёдгарои исломиро аз роҳи танз офарида, ҳадафи нафрати исломгароён қарор ёфтааст. Озодии ҳунарпеша дар ҳоле иттифоқ афтод, ки се рӯ пеш додгоҳи Қоҳира ҳукми ҳабси ӯро бетағйир боқӣ гузошт.
XS
SM
MD
LG