Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Бритониё гуфт, ба Тоҷикистон ёрӣ хоҳад кард


Сафири нави Бритониё дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит (Robin Ord-Smith), ки рӯзи панҷшанбе эътиборномаи худро ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, супурд, мегӯяд, тамоми корро хоҳад кард, ки “сармоягузориҳои бузурге”-ро ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намояд. Дар ҷавоб, раҳбари давлати Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард, ки Бритониё яке аз кишварҳои дӯст ва ҳамкори Душанбест. Ваъдаи сафир ба густариши сармоягузориҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Бритониё кам буда, ҳамагӣ 750 000 долларро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG