Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия Ҳомаро тирборон карданд


Нерӯҳои ҳукуматии Сурия шаҳри Ҳома, воқеъ дар маркази кишварро, тирборон карданд. Ба иттилои фаъолони ҳуқуқи башар, дар ин ҳодиса дасти кам 7 нафар кушта шуданд.

Аз ин пеш дар як бино дар шаҳри Ҳома таркиши мудҳиш рӯх дод. Ба иттилои расмӣ, дар бинои тахрибшуда “гурӯҳҳои террористӣ” ба сохтани бомбҳо машғул буданд ва бар асари таркиш 16 нафар ҷон бохтаанд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки ин бино аз тӯпҳо гулулаборон шуда ва шумораи қурбониён беш аз 50 нафар аст. Онҳо аз нозирони байнулмилалӣ хоҳиш карданд, ки ин ҳодисаро тафтиш кунанд. Айни ҳол дар Сурия фақат даҳ тан аз нозирони байнулмилалӣ фаъолият доранд. Қарор аст, ки шартҳои оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳи Сурияро 300 нозир таҳти назорат бигиранд.
XS
SM
MD
LG