Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ аз зиндонӣ кардани Гелонӣ худдорӣ намуд


Юсуф Ризо Гелонӣ
Юсуф Ризо Гелонӣ
Додгоҳии олии Покистон нахуствазир Юсуф Ризо Гелониро дар беэҳтиромӣ нисбати додгоҳ айбдор хонд ва аммо аз равонаи зиндон кардани ӯ худдорӣ намуд.

Нахуствазири Покистон дар он айбдор шудааст, ки аз дархост ба ҳукумати Швейсария барои эҳёи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ сарпечӣ кардааст. Парвандаи даст доштани Зардорӣ дар фасод аз сӯи додгоҳи Швейсария солҳои 90-ум тафтиш мешуд ва соли 2008 бо дархости Исломобод тафтишот қатъ карда шуд. Додгоҳ Гелониро муваззаф карда буд, ки ба Швейсария барои дубора фаъол кардани парванда дархости расмӣ ирсол намояд.

Юсуф Ризо Гелонӣ сарпечияш аз ин талаби додгоҳ бо он омил марбут кард, ки раисиҷумҳур аз дахлнопазирӣ бархурдор аст.

Ҳадс зада мешуд, ки нахуствазир барои беэҳтиромӣ ба додгоҳ ба шаш моҳи маҳбас маҳкум мешавад ва аммо додгоҳ ҳукми “рамзӣ” содир кард – Гелонӣ то поёни мурофиаи имрӯза дар додгоҳ монд.
XS
SM
MD
LG