Диловар Орзуев, довари ФИФА аз ноҳияи Ҳисор, ки сардовари бозии даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва "Истиқлол"-и Душанбе буд, аз ҳакамӣ дар бозиҳои чаҳор даври сабқати Лигаи олӣ маҳрум шуд.
Ба иттилои Абдураҳим Бобоев, раиси кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон, мувофиқи низомнома ва дастурҳои ин кумита Диловар Орзуев, сардовари бозии “Равшан” - “Истиқлол”, барои роҳ додан ба хатоҳо ба муддати як моҳ (чаҳор даври мусобиқа) аз ҳакамии бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барканор шуд.
Инчунин, нозири ин бозӣ Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои баҳои баланд додан (8,2 балл) ба сардовар Диловар Орзуев аз нозирии бозиҳои ду даври мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барканор шуд.