Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия баҳси иҷорапулии ҳарбиро бо Қирғизистон ҳал кард


Вазири дифои Русия Анатолий Сердюков дар мулоқот бо ҳамтои қирғизи худ, генерал-майор Таалайбек Омуралиев дар Пекин, пойтахти Чин, қарордоди ҷуброни ҳузури иншооти ҳарбии Русия дар қаламрави Қирғизистонро ба имзо расонд. Русия мегӯяд, ба ин тартиб баҳси ду ҷониб дар бораи қарзи Русия аз иҷораи замин барои иншооти низомияш ҳал шудааст. Дар ҷараёни сафараш ба Маскав дар моҳи феврали соли равон раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отабмоев шикоят карда б уд, ки Русия аз ҳузури ҳарбияш дар Қирғизистон 15 миллион доллар қарздор шудааст. Сердюков дар Пекин ҳамчунин бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев мулоқот кард ва созишномаи таълими ҳарбии шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон дар муассисаҳои вазорати дифои Русияро ба имзо расонд.
XS
SM
MD
LG