Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев пизишкҳои олмониро ба муоинаи Тимошенко даъват намуд


Тазоҳурот бо талаби озодии Юлия Тимошенко дар Харкв, 19-уми апрели соли 2012.
Тазоҳурот бо талаби озодии Юлия Тимошенко дар Харкв, 19-уми апрели соли 2012.
Украина дархост кард, ки пизишкҳои олмонӣ барои муоинаи сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко, ки дар маҳбас гуруснашинӣ эълон кард, фиристода шаванд. Вазорати умури хориҷии Украина мегӯяд, дархости расмӣ ба ҳукумати Олмон ирсол гаштааст. Гурӯҳи пизишкони олмонӣ моҳи гузашта дар маҳбаси Харкв вазъи Тимошенкоро муоина карданд. Вакили Тимошенко мегӯяд, сарвазири пешин мавриди латукӯб қарор ёфта, ба нишони эътироз 20-уми апрел гуруснашинӣ эълон кардааст. Намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо ин қазияро доғе ба обрӯи Украина номид. Тимошенко бо иттиҳоми сӯистифода аз мансаб ба 7 соли ҳабс маҳкум шуда, аммо ин ҳукмро сиёсӣ мешуморад.
XS
SM
MD
LG