Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, кишварҳои Ғарбро танқид кард, ки мехоҳанд, арзишҳои худро ба дигар қисматҳои ҷаҳон бор кунанд. Дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Русия, Назарбоев гуфт, истифодаи расонаҳои муосири ҳамагонӣ барои таъсир ба сиёсати дохилии кишварҳои муайян таҳдидҳои амниятӣ ба миён меорад. Вай афзуд, “фарҳанги ғарбӣ, ки Иёлоти Муттаҳида таблиғ мекунад, наметавонад, маҷбурӣ бошад, зеро ҳар кишвар тарзи тафаккур, таърих ва суннатҳои худро дорад. Назарбоев илова кард, ки иқтисоди дар ҳоли рушди кишварҳои араб зимни воқеаҳои маълум 15 сол ақиб афканда шуд. Вай ҳамчунин ба афзоиши майли ҳукуматҳо ба қонуни шариат дар бархе аз кишварҳои араб баъд аз ошӯбҳо ишора кард.