Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ аз созиш бо Ҷабҳаи миллӣ сарпечӣ кард


Николя Саркозӣ, ки барои мақоми раисиҷумҳури Фаронса мубориза мебарад, аз созиши сиёсӣ бо ҳизби ростгарои Ҷабҳаи миллӣ сарпечӣ кард.

Имрӯз зимни суханронӣ дар Порис ӯ гуфт, ки "бо Ҷабҳаи миллӣ созиш нахоҳад шуд. Дар ҳукумат вазирон аз Ҷабҳаи миллӣ нахоҳанд буд. Вале ман аз ваҳшӣ нишон додани шаҳрвандоне, ки ба ҷонибдории Марин Ле Пен раъй дода, эҳсоси бӯҳрон, қаҳри ғазаб, азият ва навмедии худро изҳор намудаанд, сарпечӣ мекунам. Ман бояд инро дар назар дошта бошам. Ман бояд ба ҳарфи онҳо гӯш кунам".

Дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ раҳбари феълии Фаронса Николя Саркозӣ баъд аз номзади сотсиалистҳо Франсуа Ҳолланд мақоми дуюмро гирифт.

Марин Ле Пен, номзади Ҷабҳаи миллӣ, бо дарёфти 18 дар сади раъйҳо мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Даври дуюми интихобот бо ширкати Франсуа Ҳолланд ва Николя Саркозӣ рӯзи 6 май баргузор мешавад. Ҳардуи онҳо талош доранд, ки ҷонибдорони номзадҳои дигар, аз ҷумла, Марин Ле Пенро, ба худ мойил кунанд.
XS
SM
MD
LG