Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия аз суханони Обама “таассуфи амиқ” изҳор кард


Туркия аз суханони раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар ёдбуди қатли 1,5 миллион арманӣ аз тарафи туркҳои усмонӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Аввал изҳори “таассуфи амиқ” кард. Обама рӯйдодро “яке аз бадтарин бераҳмиҳои қарни бистум” номид ва гуфт, “арманиҳо ба қатлгоҳ ронда ва дастҷамъона қатл шуданд.” Вале ӯ вожаи “наслкушӣ” ё “генотсид”-ро ба кор набурд. Вазорати умури хориҷии Туркия суханони Обамаро “яктарафа” ва таҳрифи “фактҳои таърихӣ” хонд. Арманиҳо ва аксари таърихнигорон бар инанд, ки ин куштор дар охирин рӯзҳои империяи усмонӣ як наслкушӣ буд, вале бисёриҳо дар Туркия мегӯянд, арманиҳо зимни ҳарҷу марҷи ҷанг кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG