Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шубҳаи Маҷористон ба тарҳи лӯлаи нафту гази Набукко


Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ширкати кишвараш дар тарҳи лӯлаи нафт ва гази Набуккоро зери суол бурд. Қарор аст, аз ин лӯла, ки Иттиҳоди Аврупо аз он ҳимоят мекунад, нафт ва гази Қақфоз берун аз қаламрави Русия ба Аврупо интиқол дода шавад. Орбан гуфт, норӯшаниҳои зиёди тарҳ Маҷористонро дудила кардаанд. Ширкати Набукко баръакс дар изҳороти худ гуфт, заминаеро барои ин нигарониҳо намебинад ва Маҷористон аломате надодааст, ки аз ширкат дар тарҳ берун хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG