Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каин аз нав номи Ислом Каримовро фаромӯш кард


Номзади пешини ҷумҳурихоҳон Ҳерман Каин.
Номзади пешини ҷумҳурихоҳон Ҳерман Каин.

Амрикоиҳо афсӯс хӯрданд, ки аз корзори интихоботи президентӣ рафтани Ҳерман Каин ҳаҷву танзро аз ин маърака берун кард.

Номзади пешини ҷумҳурихоҳон замоне машҳур шуд, ки номи кишвари Узбакистонро бо тамасхур У-беки-беки-беки-стан-стан номид ва гуфт, барои раисиҷумҳури Амрико аслан муҳим нест, номи президенти ин кишвари дурдастро бидонад. Аммо ӯ на барои ин ширкаташ дар корзори интихоботиро қатъ кард. Бо шӯҳрат пайдо кардани Ҳерман Каин чандин зане пайдо шуд, ки гуфтанд, бо ӯ робитаҳои шаҳвонӣ доштаанд ва расонаҳои ахбори ом ин моҷаҳоро доман заданд.

Каин ба пурсиши журналистон дар ин бора посухҳои хандаовар медод ва барномаи иқтисодии ӯ низ аз тарафи рақибонаш як танзу бебандуборӣ номида шуд. Аммо, тавре назарсанҷиҳо нишон доданд, суханони Каин ба интихобкунандагон писанд буд ва ӯ бо суръат машҳур мегашт.

Вақте ӯ ба ширкат дар барномаи ҳаҷвии телевизионии "The Daily Show “-и Ҷон Стюарт даъват шуд, бинандагон гуфтанд, ин намоишро бесаброна интизор хоҳанд буд. Дар ин барнома аз нав масъалаи номи раисиҷумҳури Узбакистон матраҳ шуд. Баранда Ҷон Оливер порчаеро аз мусоҳибаи Каин дар моҳи октябри соли гузашта пахш кард, ки дар он талош мешуд, дониши номзади раёсатҷумҳурии Амрико рӯшан гардад. Ва ҳамин ҷо буд, ки саволи марбут ба Ислом Каримов пеш омад:

“Ман ба саволҳои “кадучадор” омодаам. Ва ҳамин хел саволҳо сар шуд. Вақте мепурсанд, ки “президенти У-беки-беки-беки-стан-стан кист, мегӯям, ман намедонам. Шумо медонед? Ва сипас мегӯям, хуб, ин як ҷои кори нав месозад?

Видеои ин гуфтугӯ ба пурбинандатарин наворҳои интернетӣ табдил ёфт. Ба он мусиқӣ ҳамроҳ карданд ва садои Каинро тавре тағйир доданд, ки ба овозхони бади реп монанд шуд ва ин шармовар буд. Масъаларо Каин дар дар барномаи телевизионӣ ин гуна шарҳ дод:

“Ҳеҷ кас қодир нест, номи ҳамаи сарони наздик ба 200 кишвари ҷаҳонро донад. (Ҷон Оливер: Номумкин аст) Не, не. (Ҷон Оливер: Ҳеҷ кас номи 200 нафарро дар ёд дошта наметавонад) Мумкин тавонад, аммо бояд ҳама вақти худро ба такрор кардани номи, масалан, раҳбари У-бекестан бояд сарф кард?

Баъд як ҳодиса ногаҳонии дигар иттифоқ афтод. Оливер, ки то ҳоло гапи Каинро “об медод”, гуфт: “Ҷаноби Каин, ман як савол дорам. Умедворам, Шуморо наранҷонам. Номи президенти Узбакистон чист?”

“Номи президенти Узбакистон..." (12 сонияи сукут зери хандаи аҳли толор)

Оливер мегӯяд, “Шумо он вақт намедонистед ва ҳоло ҳам намедонед. То ин вақт наёфтед?

“Ман онро кофта, ёфта будам, як вақте. Ман номи ӯро медонам. (Аҳли толор баландтар механдад). Вале аз он вақт то ҳоло чизе набудааст, ки ҳар рӯз истифода кунам ва он боз аз ёдам рафт.”

Чунин гуфт, номзади собиқи раёсатҷумҳурии Амрико, ки дар посух одамон афзуданд, марди ростқавле будааст.

XS
SM
MD
LG