Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панетта гуфт, ба иддаъои Эрон шак дорад


Леон Панетта, вазири дифоъи Амрико, мегӯяд, бовар надорад, ки мутахассисони эронӣ асрори сохти ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро кашф кардаанд, ки моҳи декабр дар Эрон суқут кард. Леон Панетта гуфт, “Бар асоси таҷрибаҳоям мегӯям, ки ман ба тавоноии онҳо дар ин замина, шубҳа дорам.” Ду рӯз пеш аз ин Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, муҳандисони эронӣ ба иттилоъоти захирашуда ва сиррии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико даст ёфтанд ва ба сохтани намунае аз ин навъ ҳавопаймо шурӯъ карданд. Леон Панетта гуфт, афзуд, шак дорад, ки муҳандисони эронӣ иттилоъоти зиёде аз ин ҳавопайморо ошкор карда бошанд. Давлати Эрон моҳи декабри соли гузашта гуфт, як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро сарнагун кардааст, вале мақомоти НАТО гуфтанд, ҳавопаймои мазкур, ки дар Афғонистон истифода мешуд, ба далели мушкили фаннӣ ба қаламрави ҳавоии Эрон ворид шуда ва онҷо суқут кардааст.
XS
SM
MD
LG