Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия бештар аз 60 нафарро куштаанд


Ҳомиёни ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, бо вуҷуди созиши оташбас, нерӯҳои давлатӣ бо тирандозиву ҳамла тақрибан 60 нафарро куштанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, аксарияти қурбониён афроди мулкӣ аз шаҳри Ҳумс ҳастанд, ки як маҳалли асосии тазоҳуроти зиддидавлатӣ аст. Бинобар фаъолияти маҳдуди хабарнигорон дар Сурия таъйиди гузориши мазкур имконнопазир аст. Бо вуҷуди созиши оташбасе, ки бо миёнҷигарии Созмони Милал рӯзи 12 апрел ҳукми иҷро гирифт ва бо вуҷуди ҳузури нозирони байналмилалӣ, хушунат дар Сурия ҳамчунон идома мекунад. Ба гуфтаи Созмони Милал, аз замони оғози тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Сурия дар бештар аз як соли пеш то кунун бештар аз 9 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG