Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои нави зидди Сурияро эълом дошт


Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сари таҳримҳои нави зидди ҳукумати Сурия ба созиш расиданд. Бино бар тарҳи нав судури амволе ба Сурия манъ шуд, ки метавонад дар саркӯби мухолифон истифода шавад. Таҳримҳои нав дар ҳоле эълон мешаванд, ки даҳ рӯз пеш дар Сурия оташбас ҷорӣ шуда, нозирони Созмони Милал ба кишвар омадаанд, то онро зери назар гиранд. Зимни таҳримҳои қаблии Иттиҳоди Аврупо дороиҳои ҳукумати Башор Асад дар Аврупо мунҷамид ва сафари зиёда аз 120 сиёсатмадори ин кишвар, ба ҷумлаи худи Асад манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG