Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марям Дурронӣ - зани афғон дар феҳрасти "Time"


Марям Дурронӣ
Марям Дурронӣ
Марям Дурронӣ, як зани фаъол дар Қандаҳори Афғонистон – аз шомил шудани исмаш ба феҳрасти 100 фарди «пурнуфуз»-и маҷаллаи "Time" изҳори ҳайрат кард, вале гуфт, умедвор аст, ки ин мавзӯъи табъизи занон дар Афғонистонро дар мадди таваҷҷӯҳ қарор хоҳад дод.Марям Дурронӣ дар Қандаҳор радиои хусусиеро гардон кардаааст, ки дар бораи ҳуқуқ ва таҳсили занон ва имконоти баробар барои онҳо барнома пахш мекунад. Ӯ аз чандин сӯъиқасд ҷон ба саломат бурдааст.
Феҳрасти "Time" аз ҷумла афроде, чун мухолифи фаъоли рус Алексей Навалний, раҳбари Сандуқи байналмилалии пул Кристин Лагард, раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва ситораи серби теннис Новак Ҷоковичро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG