Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Мнямар ҷамъ шуд, аммо бе Сан Су Ҷӣ


Парлумони Мянмар имрӯз барои бори аввал дар пайи интихоботи ахири миёндавраӣ, ки дар он дар 44 ҳавза номзадҳои мухолифин баранда шуданд, ташкили иҷлосия кард. Аммо раҳбари мухолифини демократияхоҳ Аунг Сан Су Ҷӣ ва ҳизби ӯ аз нишастан ба курсиҳои вакилӣ ба маҳзи савганди парлумонӣ даст кашиданд. Ҳизби Сан Су Ҷӣ Қонуни асосии феълиро ғайридемократӣ хонда, мехоҳад, то дар матни савганд дар ҷумлаи вакилон « Қонуни асосиро ҳифз мекунанд», вожаи «ҳифз» бо «эҳтиром» иваз шавад. Ин таниш дар ҳолест ки қарор аст, ИА имрӯз масъалаи тавқифи бахши аъзами таҳримоташ алайҳи Мянмарро бозбинӣ кунад.
XS
SM
MD
LG