Ожонси омори Тоҷикистон мегӯяд, даромади пулии аҳолии ин кишвар дар ду моҳи аввали сол назар ба айни давраи соли гузашта 45,1 дарсад афзуда, ба 3,2 миллиард сомонӣ расидааст. «Ховар» - ношири ин хабар менависад, маоши миёна дар Тоҷикистон низ имсол 26,5 фоиз афзуда, дар моҳи феврал 533 сомониро ташкил додааст. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки аз 1 сентябр маоши ҳадди ақал 2,5 маротиба афзуда, ба 200 сомонӣ хоҳад расид.