Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқтисоди Тоҷикистон имсол 6 фоиз рушд мекунад


Сандуқи байналмилалии пул дар гузориши таҳриршудааш мегӯяд, мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон имсол ва соли оянда 6 фоиз хоҳад шуд. Бар асоси пешбинии Сандуқи пул, таҳвили пули муҳоҷирон, ки соли гузашта 20 дарсад афзуда, ба 3 миллиард доллар расид, имсол боз 13 дарсади дигар хоҳад афзуд. Ин ниҳоди молӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта аз пули муҳоҷирон бурд кард ва имсол низ аз ин ҳисоб ҳимоят пайдо хоҳад кард. Сандуқи пул мегӯяд, имсол ва дар соли 2013 иқтисоди ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ аз 5 то 7 дарсад рушд хоҳанд ёфт.
XS
SM
MD
LG