Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср интиқоли гази табииро ба Исроил қатъ кард


Ширкатҳои мисрӣ мегӯянд, ихтилофоти тиҷоратӣ сабаб гашт, ки онҳо қарордоди интиқоли гази табиӣ ба Исроилро бекор кунанд. Ширкати “Ampal-American Israeli Corporation” ҳамкори ширкати “East Mediterranean Gas Company”, ки ба судури газ барои Исроил машғул аст, тасмими Мисрро рӯзи якшанбе эълом дошт. Раиси ширкати гази Миср, Муҳаммад Шуаб ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, тасмим дар 19-и апрел гирифта шуда, чизе беш аз ангезаи тиҷоратӣ надорад. Вай Исроилро айбдор кард, ки пули чандмоҳаи газро напардохтааст. Исроил мегӯяд, лӯлаи газ аз замони барканории раҳбари Миср Ҳуснӣ Муборак дар аввали соли гузашта 10 бор тахриб шуд ва Исроил миқдор зарурии газро нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG