Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон мардумро ба ҳашари умумиҷумҳуриявӣ даъват кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид кард, ки ҳар як хонавода ва ҳар як субъекти хоҷагидории кишвараш “бояд захираи дусолаи маводи зарурӣ дошта бошанд.” Дар заминаи қатъи пайвастаи интиқоли гази Узбакистон ва камбуди нерӯи барқ вай амр дод, ки корхонаҳои саноатӣ то охири соли равон пурра ба истифодаи ангишт ва дигар сӯзишвориҳои алтернативӣ гузаранд. Дар ҷаласаи васеи ҳукумат Раҳмон ҳамчунин ба тармиму навсозии роҳҳои мошингарди марказҳои шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва эҷоди ҷойҳои корӣ, танзими тақсими замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва вусъат додани ободониҳои дастур дода, даъват кард, ки 28-ум ва 29- уми апрел рӯзҳои ҳашари умумиҷумҳуриявии поккории маҳали зист эълон шаванд.
XS
SM
MD
LG