Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жириновский ба журналистон: "Дар бораи гелоси Тоҷикистон нависед!"


Раиси Ҳизби либерал-демократҳои Русия Владимир Жириновский ба расонаҳои ахбори оми кишвараш машварат дод, ки дар бораи “тути заминии Қазоқистон ва гелоси Тоҷикистон” нависанд. Бино бар хабарҳои матбуоти Русия, Жириновский гуфт, бояд 80 дарсади иттилоъро дар расонаҳои ахбори ом мавзӯъҳои мусбат ва танҳо 20 дарсадро манфӣ ташкил диҳанд. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи ин сиёсатмадорони моҷароҷӯи Русия, расонаҳои ҳамагонӣ асосан ба нашру пахши ахбори манфие машғуланд, ки ба ақидаи ӯ, сабаби бемории рӯҳии мардум мешавад. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ба маълумот дар бораи қотилон, худкушон ва бачабозон ё педофилҳо мӯҳри махфӣ зада шавад.
XS
SM
MD
LG