Дафтари Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, пешнависи мувофиқатномаи ҳамкориҳои миёни Афғонистону Амрико барои муддати тӯлонӣ такмил шудааст. Дар таҳияи ин санад Раян Крокер-сафири Амрико ва Рангин Додфар Спанто-мушовири амнияти миллии Афғонистон саҳм доштанд. Ниҳодҳои қонунгузори ду кишвар бояд ин санадро ба тасвиб расонанд, сипас онро руасои ҷумҳури Амрико ва Афғонистон имзо мекунанд ва санад эътибор пайдо мекунад. Интизор меравад, ки пагоҳ Амин Расул-вазири корҳои хориҷаи Афғонистон дар порламониин кишвар роҷеъ ба ин мувофиқатнома ба намояндагон гузориш диҳад.