Рӯзи шанбе матбуоти Туркманистон гузориш дод, ки ҳукумати ин кишвар санадеро дар бораи додани мукофот ба ҳар иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ ба тасвиб расондааст. Ин мукофот 200 манат ё 70 долларро ташкил медиҳад ва он дар Рӯзи Ғалаба бар фошизми Олмон, яъне 9 май ба онҳо супурда мешавад. Ҳукумати Туркманистон гуфтааст, ин мукофоти пулӣ нишони эътирофи хидматҳои бешоиба ва ҷасорати ин мардон дар майдонҳои муҳориба будааст. Дар бораи шумораи иштирокчиёни ҷанг дар Туркманистон чизе гуфта нашудааст.