Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул: Боздошти шӯришиён бо 10 тонна маводи тарканда


Мақомоти амниятии Афғонистон дар Кобул панҷ шӯриширо бо 10 000 кило маводи тарканда боздошт кардаанд.

Шафиқулло Тоҳирӣ, сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон, рӯзи шанбеи 21-уми апрел ба рӯзноманигорон гуфт, 5 нафари боздоштшуда қасд доштаанд, ин 10 000 кило маводи мунфаҷира (тарканда)-ро дар Кобул ва он ҳам дар маҳаллҳои серодам истифода кунанд. Вай гуфт, ки “агар ин миқдор маводи тарканда истифода мешуд, хуни бисёриҳо мерехт.”

Ҷаноби Тоҳирӣ дар бораи замони боздошт шудани ин афрод чизе нагуфт. Вале хабар дод, ин гурӯҳ қасд доштааст, Муҳаммад Халилӣ, муовини дувуми раёсати ҷумҳуриро террор кунад ва дар маҳаллаҳои серодам инфиҷорҳо анҷом диҳад.

Дар нишасти хабарӣ эълон шуд, ки 3 нафар аз ин афроди боздоштшуда террористони покистонӣ ва ду нафари дигар ҳамдастони афғонистонии онҳо будаанд. Ба қавли мақомоти амниятии Афғонистон, онҳо дар пойгоҳҳои Толибони Покистон омӯзиш дидаанд. Шафиқулло Тоҳирӣ, сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт: “Афроди боздоштшуда дар ҷараёни таҳқиқоти ибтидоӣ ҷурми хешро эътироф карданд ва ёдовар шуданд, ки аз муддатҳо бад-ин сӯ узви гурӯҳҳои террористии Толибони покистонӣ ва афғонӣ будаанд.”

Вай афзуд, ин афрод маводи мунфаҷираро дар халтаҳои семент дар мошине интиқол медодаанд. Бино ба гузоришҳо, шӯришиёни мустақар дар хоки Покистон ҳафтаи гузашта дар Кобул -- пойтахти Афғонистон ва дар се шаҳри дигари шарқии ин кишвар амалиёти ҳамоҳангшударо оғоз карданд, ки дар натиҷа 51 нафар кушта шуд.

Дар Кобул шӯришиён минтақаҳои муқими дипломатҳои хориҷӣ ва аъзои ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро Толибони Афғонистон бар ӯҳда гирифта ва гуфтанд, ки ин гуна ҳамлаҳоро дар моҳҳои оянда дар шаҳрҳои дигари Афғонистон низ дар нақша доранд.
XS
SM
MD
LG